Длительность: 9:29
Просмотров: 656
Уникальных 7
Добавлено: 25. 04. 2018
Пользователь:
Описание
Сагирдашт. Дарвоз."Чилои Хунар"2018.
Дар ин чорабини ки дар айёми аруси сол бахори нозанин доир гардид, бехтарин гулдузону бофандагон, хунармандони дигар касбхои мардуми кадбонухо бехтарин офаридахои худро ба маъраз гузоштанд.
Боиси ифтихор аст,ки хунархои мардуми чун эчодиёти дахонии халк аз насл ба насл гузашта сайкали бештар меёбанд.
Хамин аст, ки дар озмуни « Чилои хунар» бехтарин чеварону бахиядузони чамоати дехоти Сагирдашти нохияи Дарвоз ширкат намуданд.
Кобили зикр аст,ки хар як офаридаи гулдузон тачасумгари хунари волои ачдодии мо махсуб меёбад. Дар гулдузихои бо мехри зиёд офаридаи онхо кариб тамоми гулхои ин диёри кухистони кишвар тачасуми худро ёфтаанд. Бояд гуфти дар чамоати дехоти Сагирдашт бо максади рушди хунархои мардуми чанд курси кутохмуддат амал менамояд,ки бехтарин гулдузон махорати худро ба насли чавон меомузанд.
Дар чамоати дехот муассисаи хурди «Ахтари мехр» чанде боз фаолият дорад. Дар ин коргох беш аз чил нафар занону духтарон ба кор фаро гирифта шудаанд. Дар ин чо онхо асосан ба бофтани адрас, духтани либос барои мактаббачагон ва либосхои фармоиши машгуланд.
Хамчунин дар ин чорабини офаридахои кадбоную устохои махалли аз кабили нону кулчахои гуногун, табаку кошук ба намоиш гузошта шуданд. Охангарон бошанд чихози аз фулуз офаридаи худро дар озмуни «Чилои Хунар» намоиш доданд.
Озмуни «Чилои Хунар»-ро баромади мутрибону хофизон ва ракосахо хусни анчом бахшид.
Сокинони чамоати дехоти Сагирдашт ва дигар дехахои нохия аз тамошои офаридахои хунармардон як чахон таасурот бардоштанд.