Длительность: 4:26
Просмотров: 1 245
Уникальных 419
Добавлено: 03. 11. 2020
Пользователь:
Описание
Сарояндаи шинохта, духтари примадонаи кишвар Сурайё Қосимова, хоҳари Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ба идораи “Оила” занг зада, иброз намуд, ки дар ин давраи пандимея, ки чандин нафарон ҷони худро аз даст доданду чандин оилаҳо бе сарпаноҳ монд, кӯмак хоҳад кард. Фарзонаи Хуршед тасмим гирифтааст, ки бо сомонаи “Оила ТЧ” ва ҳафтаномаи “Оила” ҳамкорӣ намуда, ба оилаҳои ниёзманд ва шахсоне, ки дар ҳақиқат маъюб ва бе хонаву дар ҳастанд, дасти ёрӣ дароз намояд. -Фарзонабону! Пеш аз ҳама миннатдории кормандони ҳафтаномаи “Оила”-ро ба шумо мерасонем ва хеле хурсандем, ки чунин иқдоми некро пеш гирифтаед. -Ташаккур, додари азиз! Мо дар ин дунё меҳмон ҳастем ва ба хотири ризоияти Худованд мехоҳам каме ҳам бошад, ба муҳтоҷону дармондагон дасти ёрӣ расонам. -Чанд рӯз қабл занг зада, иброз намуда будед, ки омода ҳастед ба оилаи ниёзманде, ки дар деҳаи Файзобод дар байни мору каждумҳо умр ба сар мебурданд, дасти кӯмак дароз намоед. Ин тасмим чӣ шуд? -Ман мехостам, ки ба ин оилаи дар ҳақиқат ниёзманд дасти ёрӣ дароз намоям ва ҳатто як хонаи наву замонавӣ ба он кас туҳфа намоям, вале хушбахтона аз газетаи “Оила” хондам, ки ин зан ҳамроҳи духтараш аллакай соҳиби ду хона гаштаанд. -Акнун дасти кӯмаки худро ба кӣ дароз карданиед? -Акнун мухлиси сомонаи “Оила” ва ҳафтаномаи “Оила гаштем. Аз ҳоли чунин оилаҳое, ки сарнавишти дарднок ва рӯзгори сангин доранд, огоҳ гашта, ба мардуми муҳтоҷу бенаво дасти ёрӣ дароз кардан мехоҳам. -Умедворем, ки дигар сарояндаҳо низ аз шумо ибрат мегиранду ба чунин оилаҳои ниёзманду дастнигар дасти кӯмак дароз менамоянд!
Этот комментарий был удален.
«»
Этот комментарий был удален.