Длительность: 2:58
Просмотров: 540
Уникальных 131
Добавлено: 28. 05. 2021
Пользователь:
Описание
Театр студияи “Хандинкамон” сабти саҳнаҳои махсусро оғоз кард!
Театр студияи “Хандинкамон” дар доираи лоиҳаи “Рушди саводи расонаи тариқи ҳаҷв”, сабти саҳнаҳои ҳаҷвиро оғоз намуд. Саҳнаҳо асосан аз муаммоҳои имрӯзае ки истифодабарандагони интернети рӯ ба рӯ мешаванд омода мегардад.
“Рӯзҳои охир дар интернет хабарҳои пур аз хато, таққаллубкорӣ ё дуруғи нохоста ё тарҳрезишуда бо мақсадҳои гуногун зиёд паҳн гардида истодааст. Аз ин рӯ, ҳунари тафтиш кардани асолати сурат, видео ва хабари дар шабака дарҷшуда маҳорати хос ва муҳимро аз мо талаб мекунад. Ҳар як истифодабарандаро мебояд “саводи расонаӣ”-ро хуб аз худ намоянд ва худро аз хабарҳои фейкиву қаллобони интернетӣ муҳофизат намоянд.”
Саҳнаҳои мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. Театрстудияи “Хандинкамон” барои муҳтавои ин саҳнаҳо масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.