Длительность: 1:58
Просмотров: 840
Уникальных 1
Добавлено: 08. 10. 2014
Пользователь:
Описание
Рӯзи 8-уми октябри соли равон сокинони сайёра метавонанд шоҳиди боз як рӯйдоди табиӣ шаванд.
Ин ҳолат ҳангоми фуруғ ё ғуруби офтоб ба амал омада, сояи Замин рӯи Моҳро мегирад. Дар ин бора сомонаи «Спейс ком» хабар дод. Ҳангоми ин рӯйдоди табиӣ сояи Замин рӯи моҳро пурра мепӯшонад. Пас аз чанд лаҳза моҳ сурх шуда, сипас ба шакли муқаррарӣ бармегардад. Ин рӯйдодро сокинони Австралия, кишварҳои ҷанубу ғарбии Осиё ва минтақаҳои наздик ба уқёнуси Ором метавонанд мушоҳида намоянд. Соли равон маротибаи дуюм аст, ки сояи Замин пурра рӯи моҳро мепӯшонад. Ёдовар мешавем, ки ингуна рӯйдоди табиӣ 15- уми апрели соли ҷорӣ ба амал омада буд.