Донишкадаи сингапурӣ дар Тоҷикистон
Длительность: 2:04
Просмотров: 111
Уникальных 20
Добавлено: 02. 09. 2022
Пользователь:
Описание
Дар Душанбе филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ба кор шурӯъ мекунад. Аллакай қабули ҳуҷҷатҳо шурӯъ шудааст. Филиал муваққатан то бунёд гардидани бинои худ, дар бинои Агентии хизмати давлати фаъолият мекунад. Имрӯз шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Президенти Донишкада Эрик Куан дар арафаи тачлили Рузи дониш калиди рамзиро ба ректори Филиали Донишкада дар шахри Душанбе Зайниддин Мухторов супориданд.
Дар оянда филиал соҳиби як бинои замонавӣ мешавад. Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон санги асоси бинои ояндаро гузошт. Дар ин маърака ҳамчунин шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва роҳбари донишгоҳ Эрик Куан иштирок намуданд.
Ин филиал дар оянда метавонад 2500 донишҷӯйро аз рӯи 3 ихтисос: “менеҷменти саноатӣ”, “сайёҳии байналмилалӣ ва меҳмондорӣ” ва ҳамчунин “амнияти иттилоотӣ ва киберамният” ба таълим фаро гирад.
Ин донишкада соли 1956 таъсис ёфта куҳантарин макотиби олии ғайритоҷоратӣ дар Сингапур мебошад. То имрӯз он дар ду давлати дигар - Малайзия ва Узбекистон - филиалҳои худро дошт.