Курбонали Нодиров - Навои кухсорон (premera-2016)

Длительность: 1:33 Просмотров: 607 Уникальных 3 Добавлено: 13. 06. 2016 Пользователь:
Описание Қурбоналӣ Нодиров, дар Вахшонзамин бо таронахои мардуми миёни сокинони кишвар махбубияти зиёде дорад.
Вақте суруде зери оҳанги мардуми ва бо лаҳни марғуладор дар ичрои Қурбонали Нодиров мешунави, беихтиёр ба дунёи рангинаш ворид мешави. Ҳамеша матнҳои зебо, пурмуҳтаво, фалсафи ва орифона месарояд ў.
Қ. Нодиров 50 соли ахири умри худро ба обод кардани базмҳои арўси ва баргузории барномаҳои ҳунари сарф кардааст. Дар солҳои 50-уми асри гузашта, корро аз шуъбаи фарҳанги навоҳии Вахшу Бохтар оғоз карда, дар ҳунаристони шаҳри Қўрғонтеппа низ солҳо машғули эчод ва тарбияи шогирдон будааст.
Даҳҳо шогирдони Қурбонали Нодиров ҳоло дар гуруҳҳои ҳунари дар Душанбеву Қўрғонтеппа ва ноҳияи Бохтар пайи кору эчод буда, дорои унвонҳои баланди давлати шудаанд. Аммо худи ў чизе ба чуз эътирофу эътиқоди ҳаводорони садои марғуладораш ба даст надорад.
Қурбонали Нодиров зоҳиран хеле монанд ба шодравон Зафар Нозим, Ҳунарманди мардумии Точикистон, аст. Дар аснои мусоҳибае, ки ороста шуд, маълум гардид, ки Қурбонали Нодиров бо Зафар Нозиму Одина Ҳошим, Точиддини Муҳиддину Дўстмуроди Али ва дигар сарояндагони маъруфи асри гузаштаи точик риштаи дўсти дошта, ҳамроҳ бо онҳо таронаҳои зиёде ба иљро расонидааст.
Хунарманди сурудхои мардуми Курбонали Нодиров солхои зиёдест, ки сурудхои мардумиро бо истифода аз асбобхои милли эчод мекунаду кўшишу талош бар он дорад, ки ин хунари таърихи кухандошта махбубияти худро гум накунад.
Дўстдорони садо ва сурудаш то ҳол дар суроғи ў ҳастанд. Дар баробари сароидани таронахои халки, ў аз ўхдаи навохтани асбобхои мусиќи низ ба хуби мебарояд. Вай аз мухолифони сарсахти фонограмма аст ва мегўяд, ҳунарманди асил агар садои оригинал дорад, бояд дар ҳар аудиторияе, ки баромад мекунад, таронаҳои зебои худро зинда ичро намуда, ҳирфаияти худро дар назди ҳаводоронаш собит кунад.
Категории: Музыка